Дар Тоҷикистон доир ба ихтисосҳои интихобнамудаи довталабон феҳристи нав таҳия мешавад

Февраль 7, 2023 14:03

ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша дорад феҳристе таҳия намояд, ки дар он рамз, ном, шакл, забон, маълумот оид ба факултаҳо ва моҳияти ихтисосҳо нишон дода шаванд. Чунин феҳрист имкон медиҳад, ки довталабон қабл аз интихоби ихтисос дар бораи он маълумоти васеъ ба даст оранд. Дар ин хусус Директори Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфарзода 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки шумораи умумии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбие, ки соли сипаригардида қабули донишҷӯён ба онҳо ба воситаи низоми ИМД ба роҳ монда шуд, ба 109 адад баробар аст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 6 адад бештар аст.

Мавсуф изҳор дошт, ки дар байни 109 муассисаи таълимӣ 39-тои онро муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва 70 адади дигарро  муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ташкил медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоиву миёнаи касбӣ дар ҳарду марҳилаи бақайдгирӣ (асосӣ ва иловагӣ) барои иштирок дар ИМД-2022 номнависшуда 82 ҳазору 187 нафарро ташкил дод.

«Мувофиқи натиҷаҳои 3 озмун- тақсимоти асосӣ, такрорӣ ва такрории иловагии довталабон, инчунин дар асоси роҳхатҳое, ки Марказ дар шакли маълумотнома ба довталабон додааст, соли 2022 аз шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии ба озмун роҳёфта ҳамагӣ 59 ҳазору 757 нафарашон сазовори номи донишҷӯ шуданд. Ин аз шумораи умумии довталабони ба озмун роҳёфта ҳамагӣ 87,47% -ро ташкил медиҳад»,-изҳор дошт Сабзалӣ Ҷаъфарзода.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2023 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд