Дар Тоҷикистон сангҳои ороишию бинокорӣ ва истихроҷу коркарди металлҳои ранга ба омӯзиши геологӣ фаро гирифта шудаанд

Февраль 1, 2023 14:10

ДУШАНБЕ, 01.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати якуми январи соли 2023 захираҳои саноатии сангҳои ороишӣ ва бинокорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо  категорияҳои «А», «Б», ва «С»  зиёда аз 28  миллион метри  кубӣ  ва захираҳои  ғайрисаноатии он зиёда аз 15 миллион метри  кубиро ташкил медиҳад. Дар ин хусус Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода зимни нишати матбуотии ин ниҳод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф тазаккур дод, ки  дар қаламрави мамлакат  зиёда аз 100 кон  ва зуҳуроти сангҳои ороишӣ ва  бинокорӣ,  аз қабили  гранит, грандодиорит, габра, мармар, доломит,  порферит, амезит, фелзит ва ғайраҳо ба омӯзиши геологӣ  фаро гирифта шудаанд.

Ҳамзамон вобаста ба  сифату хосияти ин сангҳо Илҳомҷон Оймуҳаммадзода тазаккур дод, ки  бештари ҷинсҳои кӯҳие, ки  ҳудуди ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, ҷинсҳои  магматикӣ ва метамарфӣ мебошанд.

«Ин ҷинсҳои кӯҳӣ асосан  дар натиҷаи  ҳарорат ва фишори  бениҳоят баланди  сахтшавӣ (кристализатсия)-и ин ҷинсҳо  ба амал меоянд ва   онҳо дорои шаклҳои ба худ хос,  яъне вобаста ба ранг,  шакл  ва вобаста ба нигораҳое, ки дар  сангҳо  дида мешаванд,  намуди  ба худ хос доранд. Аз ин рӯ,  он 100 кони зикршуда аз ҷониби Саридораи геология ва ҷамъиятҳое, ки ба коркарди ҳамин гуна   сангҳои  ороишӣ ва бинокорӣ машғуланд, санҷида шудаанд»,-баён кард номбурда.

Зимни нишасти матбуотӣ дар мавриди супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи истихроҷи коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда, аз ҷумла, сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо тазаккур дода шуд, ки  Саридораи геология ва Академияи илмҳои кишоварзӣ захираҳои мавҷудаи  канданиҳои фоиданокро ҳамаҷониба таҳлил карда, доир ба имконияти азхудкунии онҳо барои истеҳсоли  нуриҳои маъданӣ  ба Ҳукумати мамлакат пешниҳоди мушаххас манзур менамоянд.

Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  зиёда аз  се кон ва  15 зуҳуроти маъдании фосфориди  ба омӯзиши геологӣ  нигаронидашуда муайян гардида, захираҳо дар фонди давлатӣ, иттилотӣ -геологӣ  ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамзамон бояд гуфт, ки  ба ҳолати 1 январи  соли 2023  захираҳои саноатӣ  ва қаблан баҳододашудаи  фосфорид  зиёда аз 65  миллион тоннаро  дар бар мегиранд ва дар баробари ин захираҳои дурнамои  ин маъдан  зиёда аз 3 миллиону  700 ҳазор  тоннаро ташкил медиҳанд.

Дар доираи супоришҳо ҳоло нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуда, вобаста ба он  гурӯҳҳои корӣ ҳам муайян гардидаанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2023 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Вохӯрии маҷозии Шурои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико дар мавзуи технологияҳои рақамӣ баргузор гардид
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ҳамкориро дар бахшҳои саноат ва иқтисод баррасӣ намуданд
Иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти роҳнамоии Президенти Тоҷикистон бунёд мегардад
Чаро дар Тоҷикистон нархи картошка гарон аст? Маҳдуд кардани дахолати миёнаравҳо имкон медиҳад, ки кишоварзон маҳсулоти худро бевосита ба бозор бароранд
Тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Амороти Муттаҳидаи Араб баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 946 миллион сомониро ташкил дод
Рушди ҳамкорӣ дар самти заминсозӣ ва кадастри замин баррасӣ гардид
Ҳаҷми гардиши мутақобили мол байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз 2 баробар афзудааст
Корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод