Дар Тоҷикистон зиёда аз 10,7 ҳазор иншооти варзишӣ фаъолият доранд

Февраль 11, 2023 18:11

ДУШАНБЕ, 11.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар партави сиёсати варзишпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 112 иншооти нави варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин хусус 10 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Аз ҷумла, 75 майдонча, 25 толор, 3 ҳавзи шиноварӣ ва 9 маҷмаа бо харҷи 210 миллиону 547 ҳазору 374 сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки аз ин 25 миллиону 620 ҳазору 884 сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ ва 184 миллиону 926 ҳазору 490 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорону сарпарастон мебошад»,-гуфт Раиси Кумита.

Таъкид гардид, ки теъдоди умумии иншооти соҳаи варзиш дар мамлакат ба 10 ҳазору 768 адад баробар гардидааст.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2023 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд