Дарозтарин давраи муттасили таваррум дар Аврупо дар 33 соли охир

Февраль 28, 2023 16:26

ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳи феврал нархи газ дар биржаҳои Аврупо пасттарин дар якуним соли охир ба ҳисоб меравад. Инро ба он рабт медиҳанд, ки зимистон, тавре ки дар назар буд, на он қадар хунук шуд. Аммо ин таъсир то ба истеъмолкунандагони ниҳоӣ метавонад ҳоло ба ин зудиҳо нарасад. Ин хусусан ба маҳсулоти озуқаворӣ таъсири калон мерасонад: нархҳо дар мағозаҳои Аврупо ҳоло ҳам баланд мешаванд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус АБИ «Казинформ» бо истинод ба Euronews иттилоъ додааст.

«Бояд дар назар дошт, ки эътимоди истеъмолкунандагон то охири сол меафзояд, аммо барои мубориза бо буҳрони арзиши зиндагӣ вақти зиёдтар зарур аст»,- чунин мешуморад таҳлилгари TELF AG Рик Де Оливейра.

Сиёсатмадорон дар бораи буҳрони арзиши зиндагӣ ҳарф мезананд. Болоравии нархи маҳсулот ҳанӯз беш аз 10 моҳ аст, ки боз намеистад. Мувофиқи иттилои Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, ин тӯлонитарин давраи муттасили таваррум дар 33 сол аст.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 28, 2023 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд