ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Бо хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзуи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ суҳбат намуданд
ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 феврал намояндагони Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб бо хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Дар вохўрӣ гуфта шуд, ки «даъват ба хизмати ҳарбӣ яке аз маъракаҳои муҳимӣ сиёсӣ буда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар давраҳои баҳору тирамоҳ дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро карда мешавад. Ҷавононе ҳастанд, ки бо хоҳиши худ ва амри виҷдон ба комиссариати ҳарбӣ омада, ба хизмат мераванд».
Иброз гардид, ки нисбат ба солҳои пеш шароити хизмат дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст. Бисёре аз падарону модарон ба қисмҳои ҳарбӣ рафта, аз ҷараёни хизмати фарзандонашон дидан намуда, бо шароити зисти онҳо шинос мешаванд.
Таъкид гардид, ки барои шахсоне, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд, имтиёзҳои хеле зиёд ба роҳ монда шудаанд.
Донишҷӯён ибрози андеша намуда, ваъда доданд, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, хизмати Модар-Ватанро адо менамоянд.
Бояд гуфт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб шуда, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии мамлакат мебошад.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб








Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






