ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Бо хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзуи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ суҳбат намуданд

Февраль 28, 2023 10:16

ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 феврал намояндагони Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб бо хатмкунандагони  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.

Дар вохўрӣ гуфта шуд, ки «даъват ба хизмати ҳарбӣ яке аз маъракаҳои муҳимӣ сиёсӣ буда, нақшаи даъвати  ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар давраҳои  баҳору  тирамоҳ дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро карда мешавад. Ҷавононе ҳастанд, ки бо хоҳиши худ ва амри виҷдон ба комиссариати ҳарбӣ омада, ба хизмат мераванд».

Иброз гардид, ки нисбат ба солҳои пеш шароити хизмат дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле беҳтар шудааст. Бисёре аз падарону модарон ба қисмҳои ҳарбӣ рафта, аз ҷараёни хизмати фарзандонашон дидан намуда, бо шароити зисти онҳо шинос мешаванд.

Таъкид гардид, ки барои шахсоне, ки ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд, имтиёзҳои хеле зиёд ба роҳ монда шудаанд.

Донишҷӯён ибрози андеша намуда, ваъда доданд, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, хизмати Модар-Ватанро адо менамоянд.

Бояд гуфт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб шуда, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи оинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии мамлакат мебошад.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб

Февраль 28, 2023 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид