Давоми чор ҳафтаи охир тақрибан 130 ҳазор кӯдак дар ШМА ба бемории COVID-19 гирифтор шуданд
ДУШАНБЕ, 22.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи гузориши охирини академияи педиатрияи Америка (AПA) ва Ассотсиатсияи беморхонаҳои кӯдакон, тайи чор ҳафтаи охир дар ШМА тақрибан 130 ҳазор ҳолати нави коронавирус (COVID-19) дар байни кӯдакон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» хабар медиҳад.
Тибқи гузориш, ба ҳолати 16 феврал аз оғози сар задани беморӣ беш аз 15,4 миллион кӯдак дар мамлакат аз ташхиси мусбати коронавирус гузаштаанд.
Тавре дар Академияи педиатрияи Америка изҳор доштанд, эътироф кардан муҳим аст, ки пандемия бевосита ба саломатии кӯдакон таъсир мерасонад, аммо аз ҳама муҳим он аст, ки оқибатҳои дарозмуддати некӯаҳволии ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва иҷтимоии ин насли кӯдакон ва ҷавононро бояд муайян ва бартараф кард.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






