ФИЛМИ «ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Нимаи дуюми соли равон банаворгирии он оғоз меёбад

Февраль 21, 2023 09:31

ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми соли 2023 банаворгирии филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз мегардад. Ин матлаб 17 феврал зимни мулоқоти маҷозии намояндагони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии миллии «Узбеккино» баён гардид. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.

Дар мулоқот оид ба масъалаҳои ба итмом расонидани корҳои таҳрири филмнома, филмномаи коргардонӣ, тасдиқи хароҷоти филм, баргузор кардани интихоб ва оғози филм изҳори назар карда шуд.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки ҳафтаи оянда байни муассисаҳои номбаршуда «Харитаи роҳ» ба имзо расонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳангоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-11 июни соли 2021 анҷом дода шуд, Сарони давлатҳо барои банаворгирии филм, яъне муаррифии дӯстии байни халқҳо, аз ҷумла дӯстӣ байни Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ ба мувофиқа расиданд.

Ҳамчунин дар доираи баргузории  ҷашнвораи байналмилалии филмҳои Тошканд, ки аз 28 сентябр то 3 октябри соли 2022  дар якчанд шаҳри Узбекистон баргузор гардид,   байни Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Ёддошти банаворбардории филми муштараки бадеии «Ҷомӣ ва Навоӣ» ба имзо расид.

Муҳтавои асосии филми таърихию ҳунарии «Ҷомӣ ва Навоӣ», пеш аз ҳама, бозгӯи муҳаббату самимияти ду миллати бузург дар мисоли ду чеҳраи адабиву ирфонӣ- Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ, инчунин таҷассуми дӯстию бародарии ду миллати ҳамсоя дар масири таърих мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Февраль 21, 2023 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд