ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бозиро бо дастаи Узбекистон мусовӣ кард

Февраль 15, 2023 08:52

ДУШАНБЕ, 15.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дар ҷамъомади таълимиву тамринии Туркия бозии санҷишии ниҳоиро анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд. 

14 феврал дастаи мунтахаби ҷавонони мо бо ҳамсолони худ аз Узбекистон бозии дӯстона анҷом доданд. Вохӯрӣ дар маҷмааи варзишии «Астерия Кремлин Палас» барпо гардида, бидуни гол ба анҷом расид.

Барои дастаи Олег Кубарев ин шашумин рақобати дӯстона дар доираи тамриноти Анталия буд. Қаблан дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо ҳамсолони худ аз Ироқ (0:0) ва бошгоҳи ЛКС-и Лаҳистон (1:1) мусовӣ бозӣ карда, бар дастаи ҷавонони Озарбойҷон (2:1) пирӯз шуд ва аз дастаҳои «Бухоро»-и Узбекистон (1:3) ва «Вишиста Краков»-и Полша (1:2) мағлуб гардид.

Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои миллии Урдун (2 март), Уммон (5 март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8 март) қувва  месанҷад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 15, 2023 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад