Имрӯз Кумитаи забон ва истилоҳот, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Палатаи савдо ва саноат, МД «Тоҷикфилм» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Февраль 9, 2023 07:32

ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 9 феврал Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 08:00 дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм (кӯчаи Айнӣ, 126, бинои КВД «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе», ошёнаи 3) доир карда мешавад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 09:30 дар маҷлисгоҳи МД «Тоҷикфилм» барпо менамояд.

Нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» соати 11:00 дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор карда мешавад.

Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро соати 14:00 дар палатаи мазкур доир менамояд.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бояд бо АМИТ «Ховар» мувофиқа намоянд. Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр карда мешаванд.

Февраль 9, 2023 07:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд