ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Деҳқони соҳибтаҷрибаи ноҳияи Қубодиён Азамат Абдураҳмонов ба ҳамдеҳагонаш ташкили дурусти гармхонаҳоро меомӯзонад

Февраль 3, 2023 12:00

ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати иҷрои дастуру  супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истифода бурдани  замин,  сокини деҳаи «Чорбоғ»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови  ноҳияи Қубодиён Азамат Абдураҳмонов соли гузашта аз  кишти умумӣ  дар гармхонаи наздиҳавлигӣ   61 тонна ҳосил, аз ҷумла 36 тонна помидор ва 25 тонна бодиринг ҷамъоварӣ кард. Номбурда нақша дорад, ки имсол майдони гармхонаро васеъ ва шумораи кормандонро зиёд  намуда, ҳосили боз ҳам бештар ба даст оварад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Гармхона дар майдони 1 га бунёд гардида, бо технологияи муосири парвариши сабзавот таъмин мебошад. Дар айни замон дар гармхона 30 ҳазор бех ниҳоли помидор дар давраи гулкунӣ қарор доранд. Дар он  вобаста ба мавсим то 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Қубодиён зимни шиносоӣ бо фаъолияти гармхона ва таҷрибаи кишоварзии  Азамат Абдураҳмонов, ки бо маҳсулоти тару тозаи гармхонаи наздиҳавлигии худ  дар фаровонии бозорҳои дохилӣ  саҳм мегузорад,  баҳои баланд дод.

Ба  Азамат Абдураҳмонов пешниҳод карда шуд, ки бунёди чунин гармхонаҳоро зиёд  ва ин таҷрибаро дар байни ҳамдеҳагон тарғиб намуда, тавсияҳо диҳад то онҳо ҳам тавонанд  гармхонаҳо бунёд карда, заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода намоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Февраль 3, 2023 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд