Кумитаи телевизион ва радио барои кормандон бинои истиқоматии дорои 144 ҳуҷра бунёд мекунад

Февраль 8, 2023 12:12

ДУШАНБЕ, 08.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Барои кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои истиқоматии 12-ошёна бунёд карда мешавад. Ин матлабро Раиси Кумита Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

«Барои бунёди ин бино дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе 35 садяк замин ҷудо шуда, лоиҳаи он барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст»,-гуфт Раиси Кумита.

Гуфта шуд, ки бино аз 144 ҳуҷра иборат буда, давоми 1,5-2 соли оянда бунёд карда мешавад.

Зимни нишасти матбуотӣ тазаккур дода шуд, ки дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозии мутахассисони соҳаи телевизион ва радио дар хориҷи мамлакат, аз ҷумла рӯзноманигорон, коргардонҳо ва дизайнерон дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки тибқи нақша, соли 2023 4 корманд ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар самти таҳияи филмҳои аниматсионӣ ва 6 нафар барои таҳсили олии касбӣ дар соҳаи телевизион ва радио ба хориҷи мамлакат фиристода мешаванд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2023 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд