Мақомоти Туркия дар робита ба Google тафтиши зиддимонополӣ оғоз карданд

Февраль 3, 2023 17:37

ДУШАНБЕ, 03.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Шӯрои рақобати Туркия дар робита ба Google, сохторҳои системавӣ ва ширкатҳои фаръии он барои нақзи қонунҳои зиддимонополиягӣ дар пешниҳоди хизматҳои ҷустуҷӯии интернет парванда боз кардааст. Тавре  АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус дар изҳороти танзимгари зиддимонополиягӣ, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд, гуфта шудааст.

Тафтиш, ки аз хабари ин муассиса бармеояд, бар зидди Alphabet Inc., Google LLC, Google International LLC, Google Ireland Limited ва филиали туркии ширкат идома дорад. «Департаменти рақобат дар мавриди суиистифода аз мавқеи бартарии онҳо дар бозори хизматҳои ҷустуҷӯӣ аз ҷониби ин ширкатҳо тафтиши пешакӣ анҷом дод», иброз дошт танзимкунанда.

Натиҷаи ин тафтишро комиссияи озмун муҳокима намуда, маълумот, хуҷҷатҳо ва хулосаҳои дарёфткардаро барои шурӯи тафтиши парванда оид ба адолати иқтисодии ширкат ҷиддӣ ва кофӣ донист.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 3, 2023 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд
Пешгӯиҳои ҳарорат барои соли 2050 аз соли 2025 оғоз мегарданд
Коршиносони ИДМ лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Иттиҳодро мувофиқа намуданд
Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид