Наҷотдиҳандагони Тоҷикистон дар Қаҳрамонмараши Туркия ҷасади 9 нафарро пайдо карданд
ДУШАНБЕ, 11.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар вилояти Қаҳрамонмараши Ҷумҳурии Туркия 17 соат корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ анҷом дода, аз зери харобаҳои як бинои истиқоматии шашошёна ҷасади 9 нафарро берун оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад.
«Мутахассисони мо дар ноҳияе, ки аз заминларзаи харобиовар бештар зарар дидааст, кор мекунанд. Техника бо ковшҳо пораҳои вазнини харобаҳоро яктарафа карда, наҷотдиҳандагони Кумита бо таври дастӣ он ҷойҳоеро, ки ҳоло метавонанд одамон дар зери харобаҳо бошанд, тоза менамоянд», — омадааст дар иттилоия.
11 феврал, соати 08:00 ба вақти Туркия наҷотдиҳандагони Тоҷикистон корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии худро идома доданд.
Ҳамзамон дар минтақаи офати табиӣ дар баробари наҷотдиҳандагон чор корманди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия низ фаъолият доранд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






