НАМУНАИ ИБРАТ. Сарбозон — хатмкардагони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд

Февраль 21, 2023 10:03

ДУШАНБЕ, 21.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ба ҳифзи шаъну шарафи Ватан омодаем!» барномаи илмӣ-тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он сарбозони ҷузъу томҳои ҳарбии ҷумҳурӣ- хатмкардагони ин муассиса иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.

Зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи марзу буми мамлакат, оромиву осудагии мардум ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ нақши шоиставу мондагор доранд.

Мояи ифтихор аст, ки ҷавонони худшиносу меҳандӯсти мо имрӯз сипари боэътимоди давлати соҳибистиқлоламон-Тоҷикистон гардидаанд.

Иброз гардид, ки маҳз бо шарофати талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллии Тоҷикистон марҳила ба марҳила устувору нерумандтар мегардад.

Иштирокдорони ҳамоиш ҷавононро ба хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят карда, гуфтанд, ки муқаддастарин арзиши ҳаёт –дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватан мебошад.

Баъдан сарбозон — хатмкардагони донишгоҳ оид ба шароити мусоиди қисмҳои ҳарбӣ ва моҳияту мафҳуми хизмат ба Ватан ибрози назар намуда, иҷрои ин рисолатро қарзи муқаддаси ҳар ҷавонмард ҳисобиданд.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби раёсат 13 нафар хатмкардагони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ки дар даъвати баҳории соли 2022 ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шомил шуда буданд, ҳамчун намунаи ибрат ба дигарон бо ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон

Февраль 21, 2023 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд