НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон таъсири сардиҳо ба хоҷагии қишлоқ, маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ бе асар намонд
ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. То ба имрӯз аз рӯи пешниҳоди мутахассисони гурӯҳҳои корие, ки дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳо фаъолият мекунанд, 17 тонна картошка, 6 тоннаю 695 кг пиёз, 6 тоннаву 126 кг сабзӣ, 14 тоннаву 72 кг мевагиҳо талаф ёфта, аз муомилот боз дошта шуданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода иттилоъ дод.
Ҳамзамон ба таъкиди мавсуф, дар ноҳияҳои картошкапарвари Шаҳристону Деваштич 362 тонна картошкаи тухмиро сармо задааст.
Муҳаммадсаид Файзуллозода гуфт, гарчанде тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат аввали моҳи январ пешгӯӣ шуда буд, ки дар пеш сардиҳои шадид аст ва бештари хоҷагидорон ба он омодагӣ дида буданд, аммо новобаста ба ин сардиҳо таъсири худро ба хоҷагии қишлоқ, маҳсулоти кишоварзӣ ва чорводорӣ расониданд.
Ҳамзамон тибқи маълумоти расида, бо сабаби сардиҳо дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон талафоти чорвои калону майда ба қайд гирифта шуд.
«Дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумати ҷумҳурӣ 24 январ бо супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи корӣ таъсис ёфт. Ин гурӯҳ аллакай дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст. Гурӯҳи корӣ зарарҳоеро, ки сардиҳо ба бор овардаанд, мавриди омӯзиш қарор медиҳад», — иброз дошт Раиси Кумитаи мазкур.
Гурӯҳҳои корӣ дар ҳамдастӣ бо Вазорати кишоварзӣ ҳам майдони боғҳо ва ҳам анборҳои захиравии маҳсулоту ғалладонагиҳоро санҷида, зарарро муайян мекунанд.
Тазаккур дода шуд, ки аз рӯи маълумоти пешакӣ дар сардиҳои шадид дар бозорҳои истеъмолӣ 64 тонна маҳсулоти истеъмолӣ аз муомилот бардошта шуд.
Гуфта шуд, ки зарари сардиҳо ба боғу токзор ва зироати тухмӣ низ каму беш расидааст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид






