НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар вилояти Суғд 946 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, соли гузашта 2 муассисаи таълимӣ зиёд гардид
СУҒД, 11.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2022-2023 дар вилояти Суғд 946 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 2 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 41 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 832 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 33 гимназия, 26 литсей, 1 Мактаби президентӣ, 3 мактаб-кӯдакистон, 1 интернати санаторӣ, 4 Мактаб-интернати махсус, 3 интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор фаъолият дошта, дар онҳо 571 ҳазору 729 нафар, аз ҷумла 280 ҳазору 773 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Дар ин хусус 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Мадина Набизода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Мадина Набизода иброз дошт, ки нисбат ба соли таҳсили 2021-2022 2 муассисаи таълимӣ зиёд гардида, шумораи хонандагон 7 ҳазору 775 нафарро ташкил медиҳад.
Дар нишаст оид ба натиҷаҳои фаъолияти маорифчиёни вилоят дар соли 2022 ва вазифаҳои навбатии ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасоз сухан рафт. Ҳамзамон дар нишасти матбуотӣ вазъи соҳаи маориф ва бурду бохти он дар соли сипаришуда мавриди таҳлил қарор гирифт.
Хабарнигорон вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа, аз ҷумла, фарогирии хонандагон ба зинаи сеюми таҳсил, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла терроризму экстремизм, раванди амалишавии Барномаи компютеркунонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълими фанни омодагии дифои ҳарбӣ, майдончаҳо ва кабинетҳои ин фан, омодагии муассисаҳои таълимӣ дар фасли сармо, таъминот бо манзили истиқоматӣ, ба муҳоҷират рафтани омӯзгорон, ба таҳсил фаро гирифтани фарзандони онҳо, таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, ҷойивазкунии кадрҳо, дастгирии мутахассисони ҷавон, пайвасти муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ ва сабабҳои ба ҷиноят даст задани ноболиғон саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Раёсати маорифи вилояти Суғд








Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд






