Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз номи мардуми тоҷик ба мардуми Туркия изҳори таслият кард

Февраль 9, 2023 19:05

ДУШАНБЕ, 09.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар  сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Душанбе бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни мулоқот Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар робита ба заминларзае, ки субҳи 6 феврал дар қисми шимолу шарқии Туркия ба вуқуъ пайваста, боиси талафоти зиёди ҷонию молӣ гашт, ҳамдардиву таслияти мардуми тоҷикро расонид.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати муваффақонаву некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали рух додани ин ҳодисаи табиӣ ҷиҳати расонидани кумак ва сафарбар намудани гурӯҳи наҷотдиҳандагон омода буда, минбаъд низ дар ин самт чорраҳои мушаххас меандешад.

Тавре қаблан хабар дода будем, ба ҳолати субҳи 9 феврал, теъдоди ҳалокшудагон бар асари заминларза дар ҷанубу шарқи Туркия ба 12 391 нафар ва шумораи зарардидагон ба 62 914 нафар расид.

Ёдовар мешавем, ки 6 феврал дар музофоти Каҳрамонмараши ҷанубу шарқи Туркия заминларза бо шиддати 7,7 балл рух дод. Таконҳои зеризаминӣ ва садҳо пасларзаҳо дар 10 музофоти ин давлат, инчунин дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла дар Сурия эҳсос карда шуданд.

АСК аз манбаъҳои боз

Февраль 9, 2023 19:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон