Соли 2022 Агентии «Тоҷикстандарт» наздик ба 888 ҳазор кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯ набударо ба қайд гирифт
ДУШАНБЕ, 03.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии «Тоҷикстандарт» соли сипаригардида дар натиҷаи гузаронидани назорати давлатӣ ба миқдори 887 ҳазору 932 кг маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯ набударо ба қайд гирифтанд. Дар ин хусус Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Темурҷон Абдулваҳобзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Як қисми ин маҳсулот -854 ҳазору 062 кг аз ҷиҳати бехатарӣ ва 33 ҳазору 870 кг аз рӯи тамғагузорӣ ба талабот ҷавобгӯ набуданд», — тавзеҳ дод директори агентӣ.
Тазаккур дода шуд, ки дар ин давра бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот оид ба риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истемолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ тақвият дода шуданд. Дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозии 53 ҳазор кг маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид карда шуд.
Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини риояи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва раванди гузаронидани назорати давлатӣ дар субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мутахассисони Агентӣ барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, вориду фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок, риоя накардани ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 2807 ҳолат ба маблағи 693 ҳазору 612 сомонӣ ҷарима таъйин гардида, маблағҳои мазкур ба буҷаи давлатӣ пардохт карда шуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






