Соли 2022 аз ҷониби коршиносони Кумитаи забон ва истилоҳот беш аз 36,5 ҳазор истилоҳ баррасӣ ва мувофиқа карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода 9 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки соли 2022 аз ҷониби коршиносони шуъбаи танзими истилоҳоти Кумита 36 ҳазору 596 истилоҳ, 7 фарҳангнома ва 5 китоби таълимӣ баррасӣ ва мувофиқа карда шуд.
Соли 2022 Кумита ба 25 номи маҳалли аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофии ҳудуди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 4849 номи объектҳои ҷуғрофӣ, инчунин ба 826 номи ивазшавандаи ҳудуди вилояти Хатлон тавзеҳнома навишта, ба мақомоти дахлдор барои корбарӣ ва таҳияи лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки Кумита бо дигар сохторҳои далдори ҷумҳурӣ 10,5 ҳазор номи ҷуғрофӣ ва маҳаллаҳои аҳолинишинро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Гуфта шуд, ки соли 2022 574 номи ғайримеъёрии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 1348 номи ғайримеъёрии шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилояти Суғд, 1350 номи ғайримеъёрии ҳуқуқии вилояти Хатлон ва 1777 номи ғайримеъёрии ҷуғрофии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди бознигарӣ ва таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд






