Соли 2022 дар Фархор 80 бинову иншоот мавриди истифода қарор дода шуданд

Февраль 16, 2023 20:09

ФАРХОР, 16.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар ноҳияи Фархор 80 бинову иншооти таъйиноташон гуногун ба маблағи 63 миллиону 554 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор маълумот дода шуд.

Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия то соли 2026 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ сохтмону навсозии 400 адад бинову иншоот, аз ҷумла соли 2022- сохтмону навсозии 80 адад, соли 2023- сохтмони 75 адад, соли 2024- сохтмони 81 адад, соли 2025 59 адад ва соли 2026 сохтмони 106 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора 41 адад ба шаҳраки Фархор, 38 адад ба деҳоти Фархор, 43 адад ба деҳоти Ватан, 44 адад ба деҳоти Хуросон, 45 адад ба деҳоти Зафар, 43 адад ба деҳоти Деҳқонобод, 40 адад ба деҳоти Гулшан, 21 адад ба деҳоти Дарқад, 52 адад ба деҳоти Истиқлол ва 34 адад ба деҳоти Хутан рост меояд.

Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андоз ва даромадҳои давлатии ноҳия 105,2% иҷро гардида, ба ҷои 42793,9 ҳазор сомонӣ ба буҷаи маҳаллӣ 45040,3 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша 2246,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Давоми соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 259552,9 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 123,4% мебошад. Дар ноҳия 31 адад корхонаҳои саноатӣ фаъолият доранд.

Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор

Февраль 16, 2023 20:09

Хабарҳои дигари ин бахш

3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад