Соли 2022 дар шаҳри Хоруғ 37 иншооти хурду миёна мавриди истифода қарор гирифт

Февраль 25, 2023 10:41

ДУШАНБЕ, 25.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022 дар шаҳри Хоруғ 37  иншооти хурду миёна мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар ин хусус 24 феврал зимни нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода тазаккур дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба иттилои ӯ, дар айни ҳол дар 98 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома  дошта, барои назорати корҳои сохтмонӣ ситоди доимамалкунанда таъсис дода шудааст.

Таъкид гардид, ки соли 2022 дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 166 нафар бо ҷойи кори мавсимӣ ва муваққатӣ таъмин карда шуд.

Ҳамзамон як қисмати бинои сеошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 7 аз берун ва дохил таъмир гардида, сохтмони бинои дуюми он идома дорад.

Бояд гуфт, ки соли 2023 сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 4 ва 6-и шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Февраль 25, 2023 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид