Соли гузашта дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон озмоишгоҳҳои таълимиву илмии муосир мавриди истифода қарор гирифтанд

Февраль 1, 2023 16:22

ДУШАНБЕ, 01.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040 » 5 озмоишгоҳҳои таълимиву илмии муосир мавриди истифода қарор дода шуд. Ин нуктаро Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.

«Аз ҷумла, «Озмоишгоҳи лоиҳакашӣ-истеҳсолии чопи 3D (Cezeri Lab)», «Озмоишгоҳи моделсозӣ дар сохтмон», «Озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ», «Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин — Коргоҳи Лубан» ва «Маркази омӯзиш оид ба асосҳои бехатарии истеҳсол ва истифодаи балонҳои оксиген» ба истифода дода шуданд», -илова кард ректори донишгоҳ.

Озмоишгоҳҳои мазкур бо ҷалби лоиҳаҳои байналмилалӣ бунёд гардида, дар онҳо беш аз 100 нафар устодони донишгоҳ ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

Инчунин соли сипаришуда дар донишгоҳ 5 Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои марбута ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки фарогири 13 ихтисоси PhD ва 13 ихтисоси илми анъанавӣ мебошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2023 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 18 август давраи мутобиқшавӣ барои хонандагони синфи якум оғоз меёбад
Дар Хатлон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 24,7 фоиз баробар шуд
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад