«ТОҶИКИСТОН ДӮСТОНРО ИНТИЗОР!». Дар шаҳри Санкт-Петербург таҳти чунин унвон ҳамоиши фарҳангӣ баргузор шуд

Февраль 28, 2023 14:09

ДУШАНБЕ, 28.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи этнографии шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия таҳти унвони «Тоҷикистон дӯстонро интизор!» ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадаф аз ташкили ин ҳамоиш тарғиби тамаддун, анъана ва ҳунарҳои мардумии миллати тоҷик барои доираи васеи меҳмонон аз ниҳодҳои давлатии кишвари иқомат мебошад.

Ҳамоиш аз ду қисм иборат буд. Дар қисми аввали он мастер-классҳо бахшида ба тарзи омода намудани кундал, санъати нақошӣ, кулолгарӣ, расму оини ҷашни Наврӯз доир шуда, дар бахши дуюм наворҳо бахшида ба таърих, дастовардҳои ҷумҳурӣ, рақсҳои миллии минтақаҳои ҷумҳурӣ ва варзишҳои суннатии миллати тоҷик манзури меҳмонон гардиданд.

Дар баробари ин дар толори асосии осорхона ғурфаҳо бо либосу сӯзанӣ, нигораю аксҳо, ҳунурҳои мардумӣ, китобҳои муаррифи таърих, фарҳанг ва дастовардҳои Тоҷикистон омода гардида, ба намоиш гузошта шуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2023 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд