Тоҷикистон наҷотдиҳандагонро барои расонидани кумак ба мардуми зарардидаи Туркия мефиристад

Февраль 7, 2023 13:32

ДУШАНБЕ, 07.02.2023 /АМИТ«Ховар»/. Дар назар аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 нафар наҷотдиҳандаро барои расонидани кумак ба мардуми зарардидаи Ҷумҳурии Туркия фиристонад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.

Ин дар ҳолест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки мақомоти дахлдори мамлакат баҳри бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи харобиовару маргбор дар Ҷумҳурии Туркия кумак расонанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои хабаргузории «Trend» бо истинод ба «Анадолу» теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи харобиовар дар ҷануби Туркия ба 2921 нафар расид.

Ба гуфтаи роҳбари Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Туркия (AFAD) Юнус Сезар, бар асари заминларза 15 ҳазору 834 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Қаблан ноиби президенти Туркия Фуат Октой гуфта буд, ки дар маҷмӯъ 7840 нафар аз зери харобаҳо зинда наҷот дода шуданд.

Ӯ афзуд, ки 338 000 нафар дар хобгоҳҳо, донишгоҳҳо ва паноҳгоҳҳо ҷойгир карда шудаанд.

Хотиррасон мешавем, ки субҳи 6 феврал дар ҷанубу шарқи Туркия заминларзаи 7,7 дараҷа ба вуқуъ пайваст.

Манбаи заминларза бо маркази он дар минтақаи Пазарҷики вилояти Қаҳрамонмараш дар умқи 7 километр ҷойгир будааст. Дар вилоятҳои Ҳатай, Газиантеп, Килис, Османия, Малатия, Адияман, Шанлиурфа, Диёрбекир, Одона ва Қаҳрамонмараш харобиҳои ҷиддӣ ба амал омадаанд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2023 13:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид