Тоҷикистон ва Туркия мубодилаи таҷрибаро дар самти фаъолияти инноватсионӣ ва тадқиқотӣ баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 02.02.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 феврал Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов бо раиси Шӯрои тадқиқоти илмӣ ва техникии Туркия, профессор Ҳасан Мандал мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо имконияти ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти фаъолияти инноватсионӣ, тадқиқотӣ ва рушд байни сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ва Туркия ибрози назар намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар суҳбат бо Агентии иттилоотии «Анадолу»-и Туркия дар мавзӯи «31 соли равобити муваффақи дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркия» таъкид намудааст, ки «бо мурури замон муносибат ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Туркия дар авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, то ба имрӯз дар самтҳои гуногун ба таври самаранок идома дорад. Дар ин давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ду давлат аз рӯи натиҷаҳои ҳамкорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд»
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ дар Минск муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд






