Ҳайати Тоҷикистон дар Боку дар нишасти сатҳи баланди Ҷунбиши адами тааҳҳуд иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 04.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 март дар шаҳри Боку нишасти сатҳи баланди Гурӯҳи тамоси Ҷунбиши адами тааҳҳуд оид ба мубориза бо бемории COVID-19 баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Роҳбари ҳайтаи Тоҷикистон бо ишора ба таъсири манфии бемории COVID-19 ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, зарурати идомаи кумаки ҷомеаи ҷаҳониро ба кишварҳои осебпазири Ҷунбиш, хусусан дар самти таъмини занҷира ва амнияти озуқаворӣ таъкид кард.
Ҳайати Тоҷикистон инчунин таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба аҳаммияти иқдомҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти мудирият ва таъмини дастрасӣ ба захираҳои об ҷалб намуда, даъват ба амал овард, ки аз имконияти фароҳамовардаи ин ташаббусҳо ба мақсади густариши ҳамкорӣ дар самти об ва пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим истифода намоянд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






