ҲАР БАҲОРЕ АЗ ЛАБИ ХАНДОНИ МОДАР БУДААСТ. Барои тарбиятгирандагони маркази «Чароғи ҳидоят» маҳфили идонаи фарҳангӣ доир карда шуд
ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар барои тарбиятгирандагони Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» маҳфили идонаи фарҳангӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита хабар медиҳад.
Дар маҳфил намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, собиқадорони меҳнат, фаъолзанони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, мудирони шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, кормандон, устодон ва тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» ва ҳунармандони шинохтаи тоҷик иштирок намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки бо шарофати дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мақому мартабаи занону модарони тоҷик дар ҷомеа баланд гардидааст. Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳояшон бахшида ба Рӯзи Модар иброз доштанд, ки «Модар гаронбаҳотарин дороии миллат аст ва ба андозае арзиш дорад, ки метавон гуфт, ҷомеа замоне ба авҷ мерасад, ки битавонад аз кор ва кирдорҳои модар пуштибонӣ кунад».
Ҳамзамон дар маҳфили идона аз занону модарон даъват ба амал оварда шуд, ки дар раванди иҷрои рисолати офарандагию тарбиятгарии худ масъулияти нигоҳ доштану ҳифз кардани арзишҳои миллӣ, густариши фарҳанг ва анъанаҳои неки ниёгонро нигоҳ доранд, дар татбиқи сиёсати хирадмандонаю сулҳпарваронаи Пешвои миллат, дар рушду нумӯи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тарбияи фарзандони баору номуси Ватан минбаъд низ саҳм гузоранд.
Гуфта шуд, ки Модар сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар буда, зиндагӣ аз домони поки ӯ оғоз меёбад.
Дар анҷоми маҳфил роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯзномаи «Народная газета» ба тарбиятгирандагони Муассисаи давлатии Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» туҳфаҳо супориданд.
Барномаи рангини фарҳангии аҳли санъат ба барнома шаҳомати тоза зам намуд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оила








НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд






