БА ИФТИХОРИ НАВРӮЗ. Дар шаҳри Турсунзода 30 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
ТУРСУНЗОДА, 25.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Турсунзода 30 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар дафтари матбуоти раиси шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Дар арафаи ҷашни Наврӯз дар деҳаи Сангқалъаи Ҷамоати деҳоти Навобод бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24, дар Ҷамоати деҳоти Сешанбе бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №104, дар маркази шаҳри Турсунзода Маркази кардиологии «Садои дил», дар ҷамоатҳои деҳоти Регар ва ва Ҷура Раҳмон 2 бунгоҳи тиббӣ, дар деҳаи Боқӣ Раҳимзода хонаи фарҳанг, дар деҳаи Ғарави Ҷамоати деҳоти Регар хонаи саломатии «Ғарав», дар деҳаи Даҳбед толори варзишӣ, дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият як майдончаи варзишии замонавӣ ва дигар иншоти хизматрасонӣ дар ҳудуди шаҳр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иншооти мазкур бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми сокинону соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардид, ки барои мутахассиону шаҳрвандони бекор даҳҳо ҷойи кори нав муҳайё намудаанд.
Бояд гуфт, ки қаблан як қисми иншооти мазкур дар шароити нохуб ва садамавӣ қарор дошта, бо дастгирӣ ва кӯшишу тавоноии сокинону соҳибкорон дубора барқарор гардид ва кормандон метавонанд дар шароити хуби корӣ бо таҷҳизоти замонавӣ ба аҳолӣ хизмат расонанд.
Дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, бунёду барқарорсозии 398 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз зиёда аз 100 иншооти гуногун ба истифода дода шуд.
Соли 2023 дар заминаи 29 муассисаи таълимӣ 270 синфхонаи иловагӣ барои 6440 нафар хонанда ва 6 кӯдакистон барои 594 кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






