Бахшида ба Наврӯз дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе барномаҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 21.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврўз тадбирҳои муассир андешида шуд. Аз ҷумла, дастаи «Патрули сабз» дар доираи иқдоми «Шаҳри сабз», ки дар пойтахт идома дорад, 365 бех гулро дар саҳни ҳавлии Гимназия шинонида, нигоҳубин менамоянд. Ҳамчунин таҳти номҳои «Наврӯз аз нигоҳи илми биология» ва «Наврӯз аз нигоҳи илми астрономия» барномаҳои омӯзишиву маърифатӣ баргузор гардиданд.
Тавре масъули чорабиниҳои наврўзии Гимназияи мазкур ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор дошт, роҳбарияти ин муассисаи таълимӣ кўшиш намуданд, ки ба хонандагон моҳияти Ҷашни байналмилалии Наврўз ва заминаҳои ҷаҳонӣ шудани онро бо ташкили расму оинҳои қадимаи халқи тоҷик дар таҷлили ин иди аҷдодӣ фаҳмонданд. Ҳамчунин ба хонандагон оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди обу иқлим маълумоти муфассал дода шуд.
«Хонандагон бояд донанд, ки чаро тоҷикон Наврўзро бузургтарин ҷашни миллӣ арзёбӣ кардаанд ва моҳияти фалсафиву иҷтимоии он дар чист? Ва чаро мо бояд ба онҳо арҷ гузорем? Бо ташкили ҳар гуна чорабиниҳои омўзишиву маърифатӣ ба хонандагон оид ба ин суолҳо посух дода шуд», — иброз доштанд онҳо.


Тазаккур дода шуд, ки тибқи риояи анъанаҳои наврўзӣ хонандагони синфи 10-и Гимназия ба дидорбинии омӯзгори собиқадор Ирамгул Сафарова рафта, ба он кас дар маросими «хонатаконӣ» кумак карданд.
Онҳо тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ дар арафаи ҷашни Наврўз ин анъанаро давом дода, ба нафарони ниёзманд дар иҷрои маросими «хонатаконӣ» кумак мерасонанд.


Ҳамчунин дар арафаи иди Наврӯз, баъд аз дарсҳои асосӣ барои духтарон маҳфилҳои махсус баргузор гардида, ба онҳо ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла 10 ҳунарҳои пахтапайиву ҳаллоҷӣ ва зардӯзию гулдӯзӣ, инчунин омода кардани хўрокҳои наврўзиро омӯзонданд.
Ҳамзамон 18 март дар Гимназия байни гурӯҳҳои гуногуни хонандагон ду чорабинии варзишӣ -гӯштингирию бандкашӣ гузаронида шуданд.Ғолибон бо мукофот ва туҳфаҳо ҳавасманд гардонида шуданд.
АКС: Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе










Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд






