Байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон беш аз сӣ созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Март 15, 2023 15:13

ДУШАНБЕ, 15.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Байни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон беш аз сӣ созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Созишномаҳои мазкур дар доираи баргузории Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон имзо гардида, дар робита ба самтҳои гуногуни соҳаи таҳсилоти олии давлатҳо, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷўён ва анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ  заминаи мусоид мегузоранд.

То имрӯз дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат қариб 70 созишнома ва ёддошт оид ба ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Тазаккур дода шуд, ки ҳамкории имрӯзаи донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон метавонад ба ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни стратегӣ мусоидат намояд. Робитаҳои иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангию иқтисодӣ ва байналмилалии ду давлат дар ҳоли рушд қарор доранд.

Инчунин таъкид карда шуд, ки ин аввалин вохӯрии дастҷамъонаи ректорони донишгоҳҳои ду давлати бародар буд, ки дар  доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи муқаррароти Протоколи ҷаласаи 9-уми Комиссияи байниҳукуматӣ дар робита ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон аз 30 майи соли 2022 ба роҳ монда шуд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 13 то 15 март дар доираи ҳамкории муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар Душанбе Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ» дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Март 15, 2023 15:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи молияи назди Ҳукумати Федератсияи Русия мулоқот доир гардид
Такмили Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баррасӣ шуд
Масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносии муосир дар форуми байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ гардиданд
«ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН». Рисолаи Сотим Улуғзода оид ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино
СИНО ВА ХАЙЁМ — СИМОҲОИ БАРҶАСТАИ ИЛМУ ФАРҲАНГИ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ҳамоиши илмӣ доир шуд
Масъалаҳои густариши ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар мавзуи «Ибни Сино дар шинохти Сотим Улуғзода» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявии илмию амалӣ доир гардид
Беҳрӯз Табаров дар озмуни «Беҳтарин омӯзгори мактабҳои олии шаҳри Хабаровск» дар соли 2026 ҷойи якумро соҳиб шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсия доир шуд