Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 14.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе Форуми ректорони донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти миллӣ» дар заминаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Форум бо тамошои дастовардҳои илмию таълимӣ ва инноватсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
Дар кори форум Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Вазири таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов ва роҳбарони сохторҳои илмию таълимии ду давлат иштирок доранд.


Тибқи барнома, форуми мазкур дар ду бахш: «Муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти олӣ: афзалият ва траекторияи рушд» ва «Ҳамкории илмӣ-инноватсионӣ ҳамчун асоси рушди иқтисодиёти нав» доир мегардад.
Дар назар аст, ки ҷиҳати рушди ҳамкории дуҷониба миёни донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






