Бо тавсияи олимон дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат 1100 бех ниҳоли санавбар шинонида мешавад

Март 5, 2023 15:41

ДУШАНБЕ, 05.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар қисмати рости шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат дар майдони 1,5 гектар беш аз 300 ниҳоли дарахти санавбар шинонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, шаҳри Ваҳдат ва сокинони маҳал иштирок намуданд. Интизор меравад, ки дар ин мавзеъ дар маҷмӯъ 1100 бех дарахти санавбар шинонида шавад, ки обёрии он тариқи қатрагӣ ба роҳ монда шуда, атрофи он марҳила ба марҳила бо симтӯр маҳкам карда мешавад.

Тибқи хулосаи олимони соҳаи боғпарварӣ, ниҳоли дарахти санавбар дар ин минтақа хуб сабзиш намуда, дар таъмини муҳити зист бо оксиген саҳми муносиб мегузорад.

Ҳамзамон олимон тавсия медиҳанд, ки санавбари элдарӣ, кӯҳӣ, қримӣ, сиёҳ дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон хуб сабзиш менамояд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 5, 2023 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд