Бориши шадид ва обхезӣ дар шимоли Афғонистон хонаҳо ва заминҳои киштро хароб кардааст
ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бориши шадид ва обхезии ногаҳонӣ дар шимоли Афғонистон хонаҳо ва заминҳои киштро хароб кардааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Синхуа» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус намояндаи полиси маҳаллӣ Муҳаммад Асиф Вазирӣ хабар додааст.
Борони шадид шоми панҷшанбе боиси обхезии харобиовар гардид. Муҳаммад Асиф Вазирӣ ба хабарнигорон изҳор дошт, ки дар ноҳияи Зарии шимоли Балх ва атрофи он беш аз 300 хона ва 3000 гектар замини кишоварзӣ қисман ё пурра хароб гардид.
Мувофиқи гуфтаи ӯ, сел теъдоди зиёди чорворо низ нобуд кардааст.
Дар бораи талафоти ҷонӣ гузориш дода нашудааст ва барои кумак ба хонаводаҳои осебдида гурӯҳҳои наҷот ба минтақаҳо фиристода шуд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави якчанд давлат эътимоднома қабул намуданд
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд
Нахустин ҷаласаи кории ҳайати комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» дар соли 2024 баргузор гардид
ЭЪЛОН! 14 ва 15 март мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ такроран пахш карда мешавад






