Дар «Амонатбонк» масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросим баррасӣ шуд

Март 1, 2023 09:00

ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» баррасӣ карда шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар «Амонатбонк» иттилоъ доданд, дар ҷаласа кормандони бонк, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

16 соли амали қонун бозгӯи он аст, ки дар самти ба низом даровардани анъана, маросиму ҷашнҳои милливу динӣ, инчунин дигар суннатҳои мардумӣ нақши барҷаста гузоштааст. Инчунин он садди роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ шуда, ба ҷорӣ гардидани низому тартиби ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Дар ҷаласа таъкид шуд, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин» тасдиқ шуд, ки ҳадафи асосии он муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии мамлакат мебошад.

Дар ҷаласа ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Таъкид гардид, ки қонуни мазкур бо мақсади тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ташаккули сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ, муносибати ватандӯстона ба ҷомеа ва давлат, омодагӣ ва қобилияти хизмат ба Ватан, таҳкиму таъмини манфиатҳои ҳаётан муҳим ва рушди устувори давлат моҳи декабри соли гузашта қабул гардид.

Иштирокдорони ҷамъомад инчунин доир ба пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ибрози назар намуданд.

Иброз гардид, ки аҳли ҷомеаро зарур аст, то тамоми ақлу заковат, дониш ва таҷрибаи ҳаётии худро ба он равона созад, ки ҳодисаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ ва аз байн бурда шаванд.

Дар анҷом гуфта шуд, ки бояд аҳли ҷомеа барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, таҳсили ғайрирасмии динӣ дар хориҷи мамлакат, ки яке аз сарчашмаҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ мебошад, инчунин азхудкунии донишҳои зарурии дунявӣ саҳми муносиб гузорад.

АКС: Бонки давлатии амонатгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Март 1, 2023 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хазинаи байналмилалии асъор шарҳи сеюм ва ниҳоии барномаи PCI-ро дар Тоҷикистон муваффақона анҷом дод
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.9020 то 10.9600 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2441 то 9.2800 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1175 то 0.1178 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2397 то 9.2800 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1140 то 0.1147 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9. 2800 то 9.3000сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8228 то 10.9100 сомонӣ муқаррар шудааст
Стратегияи нави ҳамкории кишварии Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2026–2031 муаррифӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1162 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2196 то 9.2800 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1158 то 0.1160 сомонӣ муқаррар шудааст