Дар ҷазираи Яваи Индонезия вулқони Мерапи ба амал омад

Март 13, 2023 20:45

ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷазираи Яваи Индонезия вулқони Мерапи ба амал омад. Сели гудозаҳо аз танӯраи вулқон ба масофаи якуним километр паҳн шудааст. Абри ғафси дуд ва хокистар ба осмон баромад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Euronews хабар додааст.

Ба сокинони маҳалҳои наздик ба вулқони Мерапи дар масофаи камтар аз 7 километр наздик шудан манъ аст.

Охирин хурӯҷи бузурги вулқон соли 2010 ба амал омада буд. Он вақт зиёда аз 300 нафар ҳалок шуда, тақрибан 280000 нафар сокинон маҷбур шуданд, ки аз ин минтақа кӯчонида шаванд.

Дар ҳудуди Индонезия қариб 130 вулқон мавҷуд аст. Вулқони Мерапи яке аз фаъолтарин вулқон ҳисобида мешавад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 13, 2023 20:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
Дар назди 4 муассисаи таълимӣ ноҳияи Рӯдакӣ хонаи хизматии омӯзгорон бунёд карда мешавад
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд