Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе таҷлили бошукуҳи Наврўзи ҷаҳонӣ идома дорад

Март 21, 2023 16:08

ДУШАНБЕ, 21.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи барвақт, соати 04:00 дар «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Душанбе гулхани наврӯзӣ фурӯзон шуда, маросими суманакпазӣ доир гардид. Аз ин макон корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон бо рӯҳияи баланди саршор аз шукргузорӣ аз сарзамини шукуфону гулфишони Тоҷикистон ба  гӯшаву канори  пойтахт  равон шуда, ба сокинону меҳмонон навиди фарорасии Соли нави аҷдодиро расониданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Корвони наврӯзӣ соати 06:00 аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону таблнавозон ба маркази шаҳр ворид шуданд.

Ҳамзамон имрӯз сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, сокинони ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғу фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ, сокинони ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт (назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва сокинони ноҳияи Шоҳмансур дар Боғи Куруши Кабир (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) бо оростани базми наврӯзӣ оғози Соли нав — Наврӯзи дилафрӯзро ботантана таҷлил намуда истодаанд, ки сокинон ва меҳмонони зиёде аз ин мавзеъҳо дидан менамоянд.


Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори Ҷашни байналмилалии  Наврӯз дар пойтахт як силсила барномаҳои бошукуҳ доир  мегарданд. Аз 21 то 30 март дар чор боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр барномаҳои идона доир карда шуда, дар ин рӯзҳо  бо иштироки аҳли санъат ва сокинони ноҳияҳои пойтахт ба ифтихори  Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ баргузор мегарданд.

Ҳамзамон имрӯз 21 март соати 19:00 дар Муассисаи давлатии «Боғи Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барномаи бошукуҳи фарҳангӣ бо иштироки овозхонҳои мамлакат доир карда мешавад.

АКС: манбаъҳои боз

Март 21, 2023 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд