Дар Боку санад оид ба содагардонии расмиёти транзитӣ дар масири байналмилалии Транскаспий ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Боку протоколи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаи содагардонии расмиёти гумрукии транзитӣ бо истифода аз принсипи «Равзанаи ягона» дар долони байналмалалии Транскаспийи «Шарқ ва Ғарб» аз ҷониби роҳбарони мақомоти гумруки минтақа ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Санади мазкур дар ҳошияи вохӯрии роҳбарон ва коршиносони мақомоти гумруки давлатҳои минтақа ва намояндагони созмонҳои марбутаи байналмилалӣ ба тасвиб расид.
Протоколи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳия ва татбиқи лоиҳаи содагардонии расмиёти гумрукии транзитӣ бо истифода аз принсипи «Равзанаи ягона»-ро роҳбарони мақомоти гумруки минтақа — Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Гурҷистон имзо намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки портали «Равзанаи ягона» барои сода гардонидани амалиёти гумрукӣ дар асоси хизматрасониҳои рақамии молиявӣ шароити мусоид фароҳам меорад.
АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва иҷлосияи 49-уми Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ таҳти раёсати намояндаи Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе дар доираи Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan–2026» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардиданд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Соли 2026 метавонад яке аз чор соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳои иқлимӣ бошад
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок кард
Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: ҳар як паём ё файлро бодиққат санҷед
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии ПЛАС «Digital Tajikistan 2026» баргузор гардид
Корхонаи пахтатозакунию равғанбарории ҶДММ «Кони ганҷ»-и Зафаробод бо иқтидори пурра фаъолият дорад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабакаи байналмилалии «Euronews» муаррифӣ мегарданд






