Дар Душанбе Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия оғоз ёфт

Март 2, 2023 10:18

ДУШАНБЕ, 02.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси нуҳум оид ба ҳамкории байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Қабл аз оғози қисми расмии конфронс дар бахшҳои саноат, энергетика ва ҳифзи муҳити зист, нақлиёту логистика, сайёҳӣ, маориф ва илм ва  ҳамкории байнишаҳрӣ панелҳои алоҳида оғоз шуда, ҷараён доранд.

Зимни баргузории конфронс вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистон ва Русия — «Соҳибкор бо соҳибкор» (В2В) ва «Соҳибкор бо намояндаи давлат» (В2G) дар назар аст, ки дар он масъалаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкорӣ мавриди таваҷҷуҳи намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо бо имзои санадҳои нави ҳамкорӣ қарор мегиранд.

Нимаи дуюми имрӯз қисмати асосии конфронс бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин доир мешавад.

Таъкид гардид, ки конфронси мазкур ба рушди имконоти фарохи ҳамкорӣ байни соҳибкорону сармоягузорон ва ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Русия мусоидат менамояд.

Зимни баргузории конфронс имконоти сармоягузории мамлакат ва механизму қонунгузории соҳа ба меҳмонон ва сармоягузорон муаррифӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар конфронс намояндагони зиёда 800 ширкату корхонаи соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳо, роҳбарони мақомоти минтақавӣ, ширкатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти саноати бофандагӣ, мошинсозӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, саноати техникӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ ва диигар корхонаҳои давлатию хусусӣ иштирок доранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 2, 2023 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст