Дар Душанбе Маркази «Пажӯҳиши афкори сиёсӣ ва илмии Пешвои миллат» таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 18.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Маркази «Пажӯҳиши афкори сиёсӣ ва илмии Пешвои миллат»-и назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки дар маросими кушодашавии он роҳбарият ва олимону донишмандони ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Тавре зимни кушодашавии Марказ иброз гардид, мақсад аз таъсиси он анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба аҳамият ва моҳияти асарҳои сиёсӣ ва илмии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имрӯзиён ва ояндагон мебошад.
Таъкид карда шуд, ки дар таърихи давлатдории ҷумҳуриҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаста ва номбардоре кам дучор омадаанд, ки дар марҳилаву вазъияти барои давлаташон мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обрӯву мақоми ҷумҳуриашон нақши абадӣ гузошта бошанд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро имрӯз дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахсияти сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ эътироф намудаанд.
Сарвари давлат на танҳо роҳнамои хирадманд, сиёсатмадори қавиирода ва ватандӯст, балки мутафаккир ва олими бузург мебошанд. Осори гаронарзиши Сарвари давлат аҳамияти бузурги илмиву адабӣ ва таърихӣ дорад, ки бо анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ метавон паҳлуҳои нави илмиро ошкор намуд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






