Дар Истаравшан бунёди хонаҳои истиқоматии баландошёна бо марказҳои хизматрасонӣ ҷараён дорад

Март 26, 2023 13:19

СУҒД, 26.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Истаравшан бунёди хонаҳои истиқоматии баландошёна бо марказҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти ҳаётан муҳим идома дошта, бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ роҳбарияти вилояти Суғд ба шаҳри Истаравшан сафари корӣ анҷом дод. Дар ин хусус  ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам дар Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.

Дар шаҳри Истаравшан ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону навсозии иншооти гуногун ҷараён дорад. Зимни сафари корӣ роҳбарияти вилояти Суғд  дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар маҷмааи хизматрасонии «Шоҳроҳи абрешим» шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, сохтмони маҷмааи бисёрсоҳаи «Шоҳроҳи абрешим» аз тарафи ҶДММ «Мабдаи Нур», ки фармоишгар ва пудратчии он мебошад, ба роҳ монда шудааст.

Сипас сохтмони Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Исмоили Сомониро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд. Дар ин ҷо корҳои сохтмонӣ дар айни замон оғоз ёфта, ҷиҳати тахту ҳамворкунии ҳудуди боғ тақрибан 3000 метри куби хок ва қуму шағал рехта шудааст. Тибқи лоиҳа, дар маркази боғ муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ бунёд мегардад.

Бо мақсади рушду нумӯи фарҳанги миллӣ ва баҳри боз ҳам ободу зебо намудани шаҳри Истаравшан бо дастгирии роҳбарияти вилоят ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҳамзамон сохтмони қасри фарҳанги шаҳр идома дорад.

Корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ- Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардида, корҳои гаҷкорӣ, пардоз ва рангубори бино ба иҷро расида истодааст.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан

Март 26, 2023 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад