Дар Комиссияи олии аттестатсионӣ дар мавзуи муқовимат ба коррупсия ҷаласаи машваратӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 14.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби масъулин баланд бардоштани самаранокии кори шўроҳои диссертатсионӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ намудан аз хавфу хатарҳои амалҳои коррупсионӣ ҳангоми ташкил ва баргузор намудани ҳимояҳои диссертатсияҳо ва ба вуҷуд овардани фарҳанги муқовимат ба коррупсия аз ҷумлаи афзалиятҳои муҳим маҳсуб мешавад. Ин матлаб зимни ҷаласаи машваратӣ, ки 13 март дар Комиссияи олии аттестатсиони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва раисону котибони илмии шўроҳои диссертатсионӣ баргузор шуд, баён гардид.
Тавре аз Комиссияи олии аттестатсионӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа раиси Комиссия Абдулҳаким Розиқзода иброз дошт, ки «дар асоси дастуру супоришҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза бо коррупсия дар ҷумҳурӣ вусъат дода мешавад. Бо Фармони Президенти мамлакат аз 3 августи соли 2021 «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардидааст».
«Ҷаласаи имрўза низ яке аз чорабиниҳои Комиссияи олии аттестатсионӣ аст, ки ҷиҳати татбиқи Стратегияи мазкур амалӣ мегардад. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии давлатҳо ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гашта, ба пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа халал мерасонад. Ин тамоюли номатлуб бунёди ҷомеаи демократиро заиф сохта, ба рушди он таъсири манфӣ мегузорад»,- тазаккур дод номбурда.
Гуфта шуд, ки мутаассифона, имрӯзҳо хавфи коррупсия дар шўроҳои диссертатсионӣ зиёд шуда, дар ин самт роҳандозӣ намудани тадбирҳои мушаххасу муассир зарур аст. Овозаҳо ва сару садоҳои зиёд ба Комиссия мерасанд, ки аз ҷой доштани амалҳои коррупсионӣ дар кори баъзе шўроҳои диссертатсионӣ дарак медиҳанд. Комиссия аз ҷониби худ ҳеҷ гоҳ ба ин падида роҳ намедиҳад ва бо он муборизаи беамон мебарад.
Таъкид шуд, ки барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва дигар тамоюлҳои барои илм бегонаву номатлуб Комиссия мунтазам тадбирҳои муассир меандешад.
Хотиррасон гардид, ки баланд бардоштани сатҳи муқовимат ба коррупсия аз ҷониби раисон ва котибони илмии шўроҳои диссертатсионӣ тавассути ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ тақозои замон маҳсуб мешавад. Вобаста ба ин, аз ҷониби Комиссия мунтазам мулоқоту суҳбатҳо бо кормандони масъули мақомоти ҳизфи ҳуқуқ, нашр намудани маводи иттилоотӣ, мақолаҳои илмӣ ва баромад тавассути ВАО роҷеъ ба муқовимат ба коррупсия ташкил ва баргузор мегардад.
Сардори шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, подполковники адлия Шодком Турсунзода гуфт, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ зидди коррупсияро 25 сентябри соли 2006 ба имзо расонида, 16 апрели соли 2008 тасдиқ намудааст. Он ҳамчун ҳуҷҷати ҳуқуқии комили байналмилалии зиддикоррупсионӣ дар ҷаҳон эътироф шудааст. Конвенсияи СММ зидди коррупсия тартиби ҳамаҷонибаи таҳия ва татбиқи чораҳои зиддикоррупсиониро пешбинӣ менамояд».
Зарур дониста шуд, ки дар самти аттестатсияи кормандони илмӣ ва илмӣ-техникии тахассуси олӣ ҳамаи субъектони муқовимат ба коррупсия бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тарғибу ташвиқи зиддикоррупсиониро тариқи сомонаҳои расмӣ пурзӯр намоянд.
Байни иштирокчиён ва сардори шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вобаста ба рӯзномаи маҷлис мубодилаи озоди афкор сурат гирифта, ташкил гардидани чунин мулоқоти саривақтӣ аз ҷониби ҳозирин муфид арзёбӣ гардид.
Дар қисмати дигари машварат раиси Комиссия оид ба як қатор камбудиҳои такроршаванда дар парвандаҳои аттестатсионӣ ва диссертатсияҳо бо мисолҳои мушаххас баромад намуда, ислоҳи онҳоро ба манфиати кор донист.
АКС: Комиссияи олии аттестатсиони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад






