Дар мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ба корҳои созандагӣ оғоз бахшида шуд

Март 27, 2023 16:10

ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлил аз Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки роҳбарияти  Вазорати корҳои дохилӣ ва вилояти Суғд ба корҳои сохтмонии бинои иловагии таълимӣ дар факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз бахшида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бинои иншоот бо масоҳати умумии 4 300 м2 аз таҳхона ва шаш ошёна иборат буда, дар он тамоми инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, бинои таълимӣ аз 17 синфхонаи фанниву таълимӣ, толори маҷлисӣ бо 500 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои кории муаллимон, ошхона бо ғунҷоиши 220 нафар дар як вақт ва хобгоҳ барои 200 нафар иборат хоҳад буд.

Ҳамчунин дар саҳни бино бунёди майдони сафороӣ, майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, нуқтаи гармидиҳӣ, анборхона ва дигар иншооти ёрирасон ба нақша гирифта шудааст.

Зимни суханронӣ Вазири корҳои дохилӣ ва Раиси вилояти Суғд таъкид карданд, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, шароити корӣ беҳтар мегардад.

Ҳамзамон ба бунёди бинои шуъбаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар вилояти Суғд санги асос гузошта шуд. Иншооти мазкур бо қисмати таҳхона ва баландии панҷ ошёна қомат меафрозад. Тибқи лоиҳа, дар иншооти мазкур ҳуҷраҳои муоина, ташхису табобат ва утоқҳои корӣ дорои тамоми шароити замонавӣ ташкил шуда, метавонад дар баробари ҳифз ва барқарор намудани саломатии кормандон ҳамчунин ба аҳолӣ хизмат расонад.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 27, 2023 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд