Дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон хатари лағзиши тарма ва резиши санг то 16 март боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, бар асари гарм шудани ҳавои рӯзҳои охир ва бориш дар рӯзҳои баъдӣ то 16 март дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хатари лағзиши тарма, омадани сел, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки эҳтиёткор бошанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
Дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе — Дарвоз — Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб хатари бештари лағзиши тарма ва резиши санг вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, Кумита бори дигар аз аҳолӣ даъват ба амал меорад, ки аз сафарҳои бе зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ, бахусус сафар ба минтақаҳои тармафаро худдорӣ намоянд. Агар зарурати сафар ба миён омад, хеле эҳтиёткор ва ботаваҷҷуҳ бошанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба диққати ронандагон мерасонад, ки ҳангоми ҳаракат аз тариқи ағбаҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, бахусус фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд






