Дар сарҳади Тоҷикистон ва Узбекистон ба бунёди Маркази тиҷоративу логистикии «Андархон» санги асос гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 март ҳайати вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоративу логистикии «Андархон» иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ раисони вилоятҳо аз таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуда, онро самараи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев арзёбӣ карданд.
Роҳбарони вилоятҳо ҳамзамон фарорасии Наврӯзи байналмилалиро ба халқҳои тоҷику узбек табрик гуфта, изҳори боварӣ намуданд, ки Маркази тиҷоратию логистикии «Андархон» ба афзоиши мубодилаи молу маҳсулот мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Маркази тиҷоративу логистикии «Андархон» дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯкони савдо, бонк, ошхона, қаҳвахона, меҳмонхона ва маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд. Бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






