Дар шаҳри Турсунзода барои бо оби полезӣ таъмин намудани замин зиёда аз 34 километр канал тоза карда шуд
ТУРСУНЗОДА, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода 22 канали худҷорӣ мавҷуд аст, ки ба ин восита 13 ҳазору 459 гектар замини шаҳр пурра обёрӣ карда мешавад. Дар ин хусус сардори идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Турсунзода Сорбон Рӯзиев ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар асоси нақшаи тоза намудани каналҳо ва омодакунии онҳо барои таъмин бо оби полезӣ дар соли 2023 то имрӯз ба дарозии зиёда аз 34 километр каналҳои мазкур тоза карда шуд. Ҳамчунин дар шаҳр 5 адад пойгоҳи обкашӣ мавҷуд аст, ки барои бо оби полезӣ таъминкунӣ омода мебошад.
Бо дастгирии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳр 2 дастгоҳи обкашӣ насб карда шуда, ба ин восита 40 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда обёрӣ карда мешавад.
Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Турсунзода ба 1948 хоҷагии деҳқонӣ хизмат расонида, дар рушди соҳаи кишоварзии шаҳр саҳми арзанда мегузорад. Баробари пурра таъмин шудан бо оби полезӣ кишоварзони шаҳри Турсунзода ҳосили баланд рӯёнида, ҷумҳуриро бо маҳсулоти тару тоза таъмин менамоянд.
Вале мушкилии асосии Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Турсунзода- ин сари вақт напардохтани ҳаққи хизматрасонӣ мебошад.
Тибқи маълумоти роҳбарияти ин идора, то имрӯз муштариён аз истифодаи оби полезӣ зиёда аз ду миллион сомонӣ қарздоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






