Дар Шаҳринав вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ вохӯрӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1-2 март вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дар ноҳияи Шаҳринав бо фаъолон ва сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот вохӯриҳо баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар медиҳад.
Дар вохӯриҳо гуфта шуд, ки мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби замони муосир-терроризму экстремизм кори дастҷамъӣ буда, баҳри ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлоли мамлакат вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ ва ҳар сокини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз ҷомеаро зарур аст, ки ақлу заковат, донишу таҷрибаи гирифтаи ҳаётии худро бар он равона созанд, ки пайомадҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ пешгирӣ ва аз байн бурда шавад.
Таъкид гардид, ки «мо бояд бар зидди шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳову ҳаракатҳои ифротии террористӣ, иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, пешгирӣ намудани наврасон аз таҳсилоти ғайрирасмии динӣ, ки яке аз сарчашмаҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ мебошад, мубориза барем».
Инчунин дар мулоқотҳо ҷиҳати вусъати раванди корҳои ободонию созандагӣ, тозакорӣ, ҳашарҳои дастҷамъона дар деҳу маҳаллаҳо, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, суръатбахшии иҷрои дурнамои кишти пиёз, картошка ва пилла ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






