ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Рӯшон 16 ҳазор дарахти мевадору сояафкан шинонда мешавад
РӮШОН, 12.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонону боғдорони ноҳияи Рӯшон қитъаҳои заминро мутобиқ ба қоидаҳои агротехникӣ барои шинонидани ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафкан омода мекунанд.
Сардори бахши кишоварзии ноҳия Шоҳинбек Комилбеков ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки “боронгариҳои фаслҳои тирамоҳу зимистон барои кишоварзон имконияти хуби ба даст овардани ҳосили дилхоҳ ва васеъ намудани масоҳати боғу ҷангалзорро фароҳам овард. Соли равон дар деҳоти ноҳия дар масоҳати 7,5 гектар боғҳои нав ба истифода дода мешаванд. Ҳамзамон 30 гектар замини бекорхобида дар кӯҳдоманҳо тахту ҳамвор ва барои шинондани ниҳолҳои мевадиҳанда омода карда мешавад. Мо тасмим гирифтаем, ки дар баҳори имсола дар кӯҳдоманҳои баъзе аз деҳоти ноҳия боғҳои интенсивӣ бунёд намоем. Бунёди чунин боғҳо дар шароити минтақаи кӯҳистон аз ду ҷиҳат манфиатовар аст. Аввал ин ки заминро мустаҳкам ва аз резиши хоку сангпораҳо ва ҳатто тармаву сел пешгирӣ мекунад ва дуюм, ниҳолҳои ин боғҳо қадпаст буда, барои анҷом додани корҳои агротехникӣ ва ҷамъоварии ҳосили дарахтон мувофиқ буда, хароҷоти зиёд талаб намекунад”.
Назар ба ақидаи мутахассисони соҳаи боғдорӣ, меваи чунин боғҳо нисбатан хушлаззату ширадор мебошад. Боз як бартарии дигари ин боғҳо дар миқдори ниҳолҳо мебошад. Агар дар боғҳои маъмулии дорои як гектар ҳазор бех ниҳол шинонда шавад, дар боғҳои интенсивӣ як баробар бештар ниҳол шинонида мешаванд.
Сардори бахши кишоварзии ноҳия гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони идораву муассисаҳо ва сокинони ноҳия соли равон дар маркази ноҳия ва деҳот зиёда аз 16 ҳазор бех дарахтони мевадиҳандаву сояафкан шинонда мешавад.
Шинондани ниҳол кори саҳлу осон аст, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки ҳифзу нигоҳдории он заҳмати бештар талаб мекунад. Ҳамасола дар фасли баҳор даҳҳо ҳазор ниҳол шинонда мешавад, вале аз нисф бештари дарахтон то баҳори дигар ё аз беобӣ пажмурдаву хушк мешаванд ва ё туъмаи ҳайвоноти хонагӣ мегарданд.
Бинобар ин дар ноҳия соли равон аҳамияти бештар на ба миқдор, балки ба ҳифзу нигоҳдории дарахтон дода мешавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






