ХИЗМАТ БА ВАТАН УҲДАДОРИСТ. Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе масъалаи даъвати баҳории наваскарон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе баҳри дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва дар хусуси даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ҷаласа баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар ҷаласа масъулини комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуда, зимни муҳокимаи масъалаҳо нахуст ҷараёни даъвати тирамоҳии соли сипаригаштаро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.
Масъулини Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе оид ба баъзе камбудиву норасоиҳои соли гузашта дар ин маъраки муҳими сиёсӣ ошкоршуда ибрози назар карда, таъкид карданд, ки роҳбарони сохторҳои дахлдор дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ ба даъвати баҳории соли равон омодагии ҷиддӣ бинанд.
Ҳамзамон дар ҷаласа таъкид гардид, ки масъулин аз роҳҳои ғайриқонунӣ даъват намудани шаҳрвандон худдорӣ намоянд ва барои сифатан хуб ташкилу ба роҳ мондани ин маъракаи муҳими сиёсӣ, дар ин радиф аз байни шаҳрвандони мамлакат интихобу ба сафи Артиши миллӣ фиристодани ҷавонписарони солиму бардам ва болаёқат татбирҳои мушаххас андешанд.
Набояд фаромўш кард, ки хизмат ба Ватан уҳдадорист, на ҳуқуқ! Тибқи талаботи моддаи 43 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд аст». Меъёри мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дошта, ин рисолатро бояд сарбаландона ва бо ҳисси ватандӯстӣ ба ҷо биёранд. Дар ҳимояи марзу буми мамлакат аз мудохилаҳои дохилию берунӣ саҳми назаррас гузоштан мояи ифтихори ҳар фарди ватандӯст маҳсуб мешавад.
Тавре қаблан хабар додем, 1 марти соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ба имзо расид. Дар робита ба он аллакай омодагиҳо ҷараён доранд.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст






