ХИЗМАТ БА ВАТАН УҲДАДОРИСТ! Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷаласа оид ба даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Март 18, 2023 20:04

ДУШАНБЕ, 18.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон-Раиси комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Матлубахон Сатториён, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату хадамоти дахлдори Вазорати мудофиа ва дигар идораҳои марбута ҷаласа оид ба  даъвати ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат хабар доданд.

Иштирокчиён сараввал даъвати тирамоҳии соли 2022-юмро таҳлилу натиҷагирӣ намуда, аз монеаву мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули даъвати шаҳру ноҳияҳо изҳори нигаронӣ карданд.

Аз ин рӯ, бо мақсади роҳ надодан ба камбудиҳо ва ҷиҳати сифатан хуб ба роҳ мондани даъвати навбатии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ таъкид карда шуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои пешаздаъватӣ оид ба омӯзиши шахсияти даъватшавандагон ва ташкили босамари кори комиссияҳои даъватӣ дар сатҳи баланд ва мувофиқ ба меъёрҳои қонунҳои амалкунандаи соҳа роҳандозӣ карда шавад, то ки беҳтаринҳо ва пеш аз ҳама, нафарони руҳану ҷисман солим ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда шаванд.

Ҳамзамон масоили омӯзиши ҳаматарафаи захираҳои даъватӣ, мутобиқ ба талаботи қонунгузории низомӣ ба роҳ мондани тайёрии тодаъватии ҷавонон баҳри адои хизмати ҳарбӣ, омода намудани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонони синни даъватӣ, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти вобастаи давлатии даъват ва ҷоннок намудани корҳои мақсаднок дар ҷараёни ин маърака аз масъалаҳои дигари баррасигардида дар ин ҷамъомад маҳсуб мешавад, ки аз ҷониби иштирокчиён мавриди таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифт.

Дар қисмати охири ҷамъомад иштирокчиён ҷиҳати дар сатҳи баланд ва муташаккилона гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ вазифадор карда шуданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 18, 2023 20:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд